Ман андар худ намеёбам, ки рӯй аз дӯст бартобам

364

Ман андар худ намеёбам, ки рӯй аз дӯст бартобам,
Бидор, эй дӯст, даст аз ман, ки тоқат рафту поёбам.

Танам фарсуду ақлам рафту ишқам ҳамчунон боқӣ,
В-агар ҷонам дареғ ояд, на муштоқам, ки каззобам.

Биёр, эй луъбати соқӣ, нагӯям, чанд паймона,
Ки гар Ҷайҳун бипаймоӣ, нахоҳӣ ёфт серобам.

Маро рӯи ту меҳроб аст дар шаҳри мусулмонон,
В-агар ҷанги муғул бошад, нагардонӣ зи меҳробам.

Маро аз дунйию уқбӣ ҳаминам буду дигар на,
Ки пеш аз рафтан аз дунё даме бо дӯст дарёбам.

Сар аз бечорагӣ, гуфтам, ниҳам шӯрида дар олам,
Дигар раҳ пой мебандад вафои аҳди асҳобам.

Нагуфтӣ, бевафо ёро, ки дилдорӣ кунӣ моро,
Ало, гар даст мегирӣ, биё, к-аз сар гузашт обам.

Зимистон асту бебеаргӣ, биё, эй боди Наврӯзам,
Биёбон асту торикӣ, биё, эй қурси маҳтобам.

Ҳаёти Саъдӣ он бошад, ки бар хоки дарат мирад,
Даре дигар намедонам, макун маҳрум аз ин бобам1.


1 Дар.


?>