Ман тарки ишқи шоҳиду соғар намекунам

353

Ман тарки ишқи шоҳиду соғар намекунам,
Сад бор тавба кардаму дигар намекунам.

Боғи биҳишту сояи тубию қасру ҳур
Бо хоки кӯйи дӯст баробар намекунам.

Талқини дарси аҳли назар як ишорат аст,
Гуфтам киноятею мукаррар намекунам.

Ҳаргиз намешавад зи сари худ хабар маро,
То дар миёни майкада сар бар намекунам.

Носеҳ ба таън гуфт, ки «Рав, тарки ишқ кун»,
Муҳтоҷи ҷанг нест, бародар, намекунам.

Ин тақвиям тамом, ки бо шоҳидони шаҳр
Нозу карашма бар сари минбар намекунам.

Ҳофиз,ҷаноби пири муғон ҷойи давлат аст,
Ман тарки хокбӯсии ин дар намекунам.