Ба мижгони сияҳ кадӣ ҳазорон рахна дар динам

354

Ба мижгони сияҳ кадӣ ҳазорон рахна дар динам,
Биё, к-аз чашми беморат ҳазорон дард барчинам.

Ало, эй ҳамнишини дил, ки ёронат бирафт аз ёд,
Маро рӯзе мабод он дам, ки бе ёди ту биншинам.

Ҷаҳон пир асту бебунёд, аз ин фарҳодкуш фарёд,
Ки кард афсуну найрангаш малул аз ҷони ширинам.

Зи тоби оташи дурӣ шудам ғарқи арақ чун гул,
Биёр, эй бод, шабгире насиме з-он арақчинам.

Ҷаҳони фонию боқӣ фидои шоҳиду соқӣ,
Ки султонони оламро туфайли ишқ мебинам.

Агар бар ҷойи ман ғайре гузинад дӯст, ҳоким ӯст,
Ҳаромам бод, агар ман ҷон ба ҷойи дӯст бигзинам.

Собаҳ-ал-хайр зад булбул, куҷойӣ, соқиё? Бархез,
Ки ғавғо мекунад дар сар хаёли хоби дӯшинам.

Шаби реҳлат ҳам аз бистар равам дар қасри ҳурулъин,
Агар дар вақти ҷон додан ту бошӣ шамъи болинам.

Ҳадиси орзумандӣ, ки дар ин нома сабт афтод,
Ҳамоно, беғалат бошад, ки Ҳофиз дод талқинам.