Маро зи мансаби таҳқиқи анбиёст насиб

Маро зи мансаби таҳқиқи анбиёст насиб,
Чӣ об ҷӯям аз ҷӯйи хушки юнонӣ?!

Барои парвариши ҷисм ҷон чӣ ранҷа кунам,
Ки ҳайф бошад рӯҳулқудус ба сагбонӣ!

Ба ҳусни савт чу булбул муқайяди назмам,
Ба ҷурми ҳусн чу Юсуф асиру зиндонӣ.

Басе нишастам ман бо акобиру аъён,
Биёзмудамашон ошкору пинҳонӣ.

Нахостам зи таманно, магар ки дастурӣ,
Наёфтам зи атоҳо, магар пушаймонӣ!