Маро расад, ки барорам ҳазор нола чу булбул

346

Маро расад, ки барорам ҳазор нола чу булбул,
Ки эҳтимол надорам зи дӯстон варақе гул.

Хабар баред ба булбул, ки аҳд мешиканад гул,
Ту низ, агар битавонӣ, бибанд бори таҳаввул1.

Агарчи молики риққию2 подшоҳи баҳаққӣ,
Ҳамат ҳалол набошад зи хуни банда тағофул.

Ту он каманд надорӣ, ки ман халос биёбам,
Асир мондаму дармон таҳаммул асту тазаллул3.

Вафову аҳду мурувват миёни аҳли иродат
На чун бақои шукуфа-сту ишқбозии булбул.

Маро, ки чашми иродат ба рӯю мӯи ту бошад,
Далели сидқ набошад назар ба лолаву сунбул.

Ту худ тааммули Саъдӣ намекунӣ, ки бибинӣ,
Ки ҳеч бор надидат, ки сер шуд зи тааммул.


1 Аз ҷо ба ҷо шудан.
2 Банда, барда.
3 Забун нишон додани худ, хорнамоӣ.


?>