Мурд Муродӣ, на ҳамоно, ки мурд

Дар марсияи Абулҳасан Муродӣ

Мурд Муродӣ, на ҳамоно, ки мурд,
Марги чунон хоҷа на корест хурд!

Ҷони гиромӣ ба падар боз дод,
Колбади тира ба модар супурд.

Они малак бо малаке рафт боз,
Зинда кунун шуд, ки ту гӯйӣ бимурд.

Коҳ набуд ӯ, ки ба боде парид,
Об набуд ӯ, ки ба сармо фусурд.

Шона набуд ӯ, ки ба мӯе шикаст,
Дона набуд ӯ, ки заминаш фишурд.

Ганҷи заре буд дар ин хокдон,
К-ӯ ду ҷаҳонро ба ҷаве мешумурд.

Қолаби хокӣ суйи хокӣ фиканд,
Ҷону хирад сӯйи самовот бурд.

Ҷони дувумро, ки надонанд халқ,
Мисқалае карду ба ҷонон супурд.

Соф буд, омехта бо дурди май,
Бар сари хум рафту ҷудо шуд зи дурд.

Дар сафар афтанд ба ҳам, ай азиз,
Марвазию Розию Румию Курд.

Хонаи худ бозравад ҳар яке,
Атлас кай бошад ҳамтои бурд?!

Хомуш кун чун нуқат, эро малак
Номи ту аз дафтари гуфтан сутурд!