Мушавваш аст дилам аз карашмаи Салмо

Мушавваш аст дилам аз карашмаи Салмо,
Чунон ки хотири Маҷнун зи турраи Лайло.

Чу гулшакар диҳиям, дарди дил шавад таскин,
Чу туршрӯй шавӣ, вораҳонӣ аз сафро.

Ба ғунчаи ту шакарханда нашъаи бода,
Ба сунбули ту дури гӯш муҳраи афъо.

Бибурда наргиси ту оби ҷодуи Бобил,
Кушода ғунчаи ту боби муъҷизи Мӯсо!