Назари худойбинон талаби ҳаво набошад

197

Назари худойбинон талаби ҳаво набошад,
Сафари ниёзмандон қадами хато набошад.

Ҳама вақт орифонро назар асту омиёнро,
Назаре муоф доранду дувум раво набошад.

Ба насими субҳ бояд, ки наботи зинда бошӣ,
На ҷамоди мурда, к-онро хабар аз сабо набошад.

Агарат саодате ҳаст, ки зиндадил бимирӣ,
Ба ҳаёте уфтодӣ, ки дигар фано набошад.

Ба касе нигар, ки зулмат бизудоят аз вуҷудат,
На касе, наузубиллаҳ1, ки дар ӯ сафо набошад.

Ту худ аз кадом шаҳрӣ, ки зи дӯстон напурсӣ?
Магар андар он вилоят, ки туӣ, вафо набошад?

Агар аҳли маърифатро чу най устухон бисунбӣ2,
Чу дафаш ба ҳеч сахтӣ хабар аз қафо набошад.

Агарам ту хун бирезӣ, ба қиёматат нагирам,
Ки миёни дӯстон ин ҳама моҷаро набошад.

На ҳарифи меҳрбон аст ҳарифи сустпаймон,
Ки ба рӯзи тирборон сипари бало набошад.

Ту дар оина нигаҳ кун, ки чӣ дилбарӣ, валекин
Ту кӣ хештан бибинӣ, назарат ба мо набошад.

Ту гумон мабар, ки Саъдӣ зи ҷафо малул гардад,
Ки гараш ту бе ҷиноят бикушӣ, ҷафо набошад.

Дигаре ҳамин ҳикоят бикунад, ки ман, валекин
Чу муомилат надорад, суханошно набошад.


1 Паноҳ бар Худо.
2 Сӯрох кунӣ.


?>