Оҳ, агар дасти дили ман ба таманно нарасад

189

Оҳ, агар дасти дили ман ба таманно нарасад,
Ё дил аз чанбари ишқи ту ба ман во нарасад.

Ғами ҳиҷрон басавияттар1 аз ин қисмат кун,
Ки ҳама дард ба ҷони мани танҳо нарасад.

Сарвболои мано, гар ба чаман баргузарӣ,
Сарви болои туро сарв ба боло нарасад.

Чун туеро чу мане дар назар ояд? Ҳайҳот!
Ки қиёмат расад, ин ришта ба ҳам ё нарасад.

З-осмон бигзарам, ар бар ман афтад назаре,
Зарра то меҳр набинад, ба Сурайё нарасад.

Бар сари хони лабат дасти чу ман дарвеше
Ба гадоӣ расад охир, чу ба яғмо нарасад.

Абри чашмонам агар қатра чунин хоҳад рехт,
Булъаҷаб дорам, агар сел ба дарё нарасад.

Ҳаҷр бипсандам, агар васл муяссар нашавад,
Хор бардорам, агар даст ба хурмо нарасад.

Саъдиё, кунгураи васл баланд асту ҳар он-к
Пой бар сар наниҳад, дасти вай он ҷо нарасад.


1 Баробарӣ.