Ба ҳадис дарнаёӣ, ки лабат шакар нарезад

188

Ба ҳадис дарнаёӣ, ки лабат шакар нарезад,
Начамӣ, ки шохи тӯбо ба ситеза бар нарезад.

Ҳаваси ту ҳеч табъе напазад, ки сар набозад,
Зи паи ту ҳеч мурғе напарад, ки пар нарезад.

Дилам аз ғамат замоне натавонад, ар нанолад,
Мижа як дам оби ҳасрат нашикебад, ар нарезад.

Ки на ман зи дасти хубон набарам ба оқибат ҷон?
Ту маро бикуш, ки хунам зи ту хубтар нарезад.

Дурар1 аст лафзи Саъдӣ зи фарози баҳри маънӣ,
Чӣ кунад ба домане дур, ки ба дӯст-бар нарезад?


1 Ҷамъи дур, марворид.