Рӯи ту хуш менамояд оинаи мо

3

Рӯи ту хуш менамояд оинаи мо,
К-оина покиза асту рӯи ту зебо.

Чун маи равшан дар обгинаи софӣ
Хӯи ҷамил аз ҷамоли рӯи ту пайдо.

Ҳар кӣ даме бо ту буд ё қадаме рафт,
Аз ту набошад ба ҳеч рӯй шикебо.

Сайди биёбон сар аз каманд бипечад,
Мо ҳама печида дар каманди ту амдо.

Тоири мискин, ки меҳр баст ба ҷое,
Гар бикушандаш, намеравад ба дигар ҷо.

Ғайратам ояд шикоят аз ту ба ҳар кас,
Дарди аҳиббо1 намебарам ба атиббо2.

Бархии3 ҷонат шавам, ки шамъи уфуқро
Пеш бимирад чароғдони Сурайё4.

Гар ту шакарханда остин бифишонӣ,
Ҳар магасе тӯтие шаванд шакархо.

Луъбати ширин агар туруш нанишинад,
Муддаъиёнаш тамаъ кунанд ба ҳалво.

Марди тамошои боғи ҳусни ту Саъдист,
Даст фурӯмоягон баранд ба яғмо.


1 Ҷамъи ҳабиб: маҳбуб, ёр.
2 Ҷамъи табиб: табибон.
3 Қурбон, фидо.
4 Парвин.


?>