Агар ту фориғӣ аз ҳоли дӯстон, ёро

4

Агар ту фориғӣ аз ҳоли дӯстон, ёро,
Фароғат аз ту муяссар намешавад моро.

Туро дар оина дидан ҷамоли талъати хеш
Баён кунад, ки чӣ будаст ношикеборо.

Биё, ки вақти баҳор аст, то ману ту ба ҳам
Ба дигарон бигузорем боғу саҳроро.

Ба ҷой сарви баланд истода бар лаби ҷӯй,
Чаро назар накунӣ ёри сарвболоро?

Шамоиле, ки дар авсофи ҳусни таркибаш
Маҷоли нутқ намонад забони гӯёро.

Кӣ гуфт, дар рухи зебо назар хато бошад?
Хато бувад, ки набинанд рӯи зеборо.

Ба дӯстӣ, ки агар заҳр бошад аз дастат,
Чунон ба завқи иродат хурам, ки ҳалворо.

Касе маломати Вомиқ кунад ба нодонӣ,
Ҳабиби ман, ки надидаст рӯи Азроро.

Гирифтам, оташи пинҳон хабар намедорӣ,
Нигоҳ менакунӣ оби чашми пайдоро?!

Нагуфтамат, ки ба яғмо равад дилат, Саъдӣ,
Чу дил ба ишқ диҳӣ дилбарони яғморо?!

Ҳанӯз бо ҳама дардам умеди дармон аст,
Ки охире бувад, охир, шабони ялдоро.