Сабо ба таҳнияти пири майфурӯш омад

175

Сабо ба таҳнияти пири майфурӯш омад,
Ки мавсими тарабу айшу нозу нӯш омад.

Ҳаво масеҳнафас гашту бод нофагушой,
Дарахт сабз шуду мурғ дар хурӯш омад.

Танӯри лола чунон барфурӯхт боди баҳор,
Ки ғунча ғарқи арақ гашту гул ба ҷӯш омад.

Ба гӯши ҳуш ниюш аз ману ба ишрат кӯш,
Ки ин сухан саҳар зи ҳотифам ба гӯш омад.

Зи фикри тафриқа боз ой, то шавӣ маҷмӯъ,
Ба ҳукми он ки чу шуд Аҳриман, Суруш омад.

Зи мурғи субҳ надонам, ки савсани озод
Чӣ гӯш кард, ки бо даҳ забон хамӯш омад.

Чӣ ҷойи суҳбати номаҳрам аст маҷлиси унс,
Сари пиёла бипӯшон, ки хирқапӯш омад!

Зи хонақоҳ ба майхона меравад Ҳофиз,
Магар зи мастии зуҳди риё ба ҳуш омад?!