Саҳарам давлати бедор ба болин омад

176

Саҳарам давлати бедор ба болин омад,
Гуфт: Бархез, ки он Хусрави Ширин омад.

Қадаҳе даркашу сархуш ба тамошо бихиром,
То бибинӣ, ки нигорат ба чӣ ойин омад.

Муждагонӣ бидеҳ, эй хилватии нофагушой,
Ки зи саҳрои Хутан оҳуи мушкин омад.

Гиря обе ба рухи сӯхтагон боз овард,
Нола фарёдраси ошиқи мискин омад.

Мурғи дил боз ҳаводори камонабрӯест,
Эй кабӯтар, нигарон бош, ки шоҳин омад.

Соқиё, май бидеҳу ғам махур аз душману дӯст,
Ки ба коми дили мо он бишуду ин омад.

Расми бадаҳдии айём чу дид абри баҳор,
Гиряаш бар суману сунбулу насрин омад.

Чун сабо гуфтаи Ҳофиз бишунид аз булбул,
Анбарафшон ба тамошои раёҳин омад.