Самоъу бодаи гулгуну луъбатони чу моҳ

Самоъу бодаи гулгуну луъбатони чу моҳ
Агар фаришта бибинад, даруфтад дар чоҳ.

Назар чӣ гуна бидӯзам, ки баҳри дидани дӯст
Зи хоки ман ҳама наргис дамад ба ҷойи гиёҳ?!

Касе, ки огаҳӣ аз завқи ишқи ҷонон ёфт,
Зи хеш, ҳайф бувад, гар даме бувад огоҳ.