Сарви гуландоми ман тарфи кулаҳ баршикаст

Сарви гуландоми ман тарфи кулаҳ баршикаст,
Кокули ӯ бар суман ғолияи тар шикаст.

Нофакушо шуд насим аз гираҳи зулфи ӯ,
Равнақи сунбул бибурд, қимати анбар шикаст.

Бар рухи пургардам ашк аз дили озурда рафт,
Бодаи гулгун ба хок рехт, чу соғар шикаст.

Риштаи ҷон з-устухон субҳаи пурмуҳра гашт,
Баски зи санги ҷафо-ш ин тани лоғар шикаст.

Баст ба рӯйи бутон шайх дари савмаа,
Санги дили ман расид, савмааро дар шикаст.

Баски зи сарви қадаш бор ба дилҳо расид,
Дар чаман аз бори дил пушти санавбар шикаст.

Шарҳи ғамаш менавишт Ҷомии бедил, фитод
Дар дили хома шикоф, дар рухи дафтар шикаст.