Сарви ман дар сояи сунбул суман мепарварад

Сарви ман дар сояи сунбул суман мепарварад,
Сабзаи тар дар канори настаран мепарварад.

Боғбон гар бинад он рухсору хат, монад хиҷил
З-он гулу райҳон, ки бар тарфи чаман мепарварад.

Моябахши ашки ғаммоз омад аз хуноби дил,
Душмани худро ба хуни хештан мепарварад.

Ҳар гиёҳи ғам, ки сар барзад зи хоки меҳнате,
Ишқи ту онро ба оби чашми ман мепарварад.

Аз пайи гулгашти Ширин лоларо дар Бесутун,
Гардиши даврон ба хуни Куҳкан мепарварад.

Қути Маҷнун ғам бувад дар водии Лайливу бас,
Ваҳ, ки мискин туъмаи зоғу заған мепарварад.

Гӯш кун гуфтори Ҷомиро, ки дар васфи лабат
Мегудозад ҷони ширину сухан мепарварад.