Ид асту дорад ҳар касе азми тамошои дигар

Ид асту дорад ҳар касе азми тамошои дигар,
Моро набошад ғайри ту дар дил таманнои дигар.

Сад хуб пеш ояд маро, хотир наёсояд маро,
З-инҳо чӣ бикшояд маро, чун ошиқам ҷои дигар.

Не раҳ маро дар хонае, не ҷой дар кошонае,
Ҳар лаҳза чун девонае гардам ба саҳрои дигар.

Бигдохт аз ғам ҷону тан, чандин нахоҳам зистан,
Мебин ба раҳмат сӯйи ман имрӯз, фардои дигар.

Аз ман чӣ пурсӣ ину он, хоҳӣ бихон, хоҳӣ бирон,
Маҳкуми фармонам ба ҷон, набвад маро рои дигар.

Ай фохта, дил мениҳӣ, бар қомати сарви саҳӣ,
Гӯйӣ, надорӣ огаҳӣ аз қадду болои дигар.

Ҷомӣ нахоҳад аз ту дил, зеро ки дар Чину Чигил
Ҳамчун туе, ай ҷону дил, набвад дилорои дигар.