Сармаст даромад аз дарам дӯст

90

Сармаст даромад аз дарам дӯст,
Лабхандазанон чу ғунча дар пӯст.

Чун дидамаш он рухи нигорин,
Дар худ ба ғалат шудам, ки ин ӯст.

Ризвон1 дари хулд2 боз кардаст,
К-аз атр машоми рӯҳ3 хушбӯст.

Пеши қадамаш ба сар давидам,
Дар пой фитодамаш, ки эй дӯст!

Якбора ба тарки мо бигуфтӣ,
Зинҳор, нагӯӣ, ин на некӯст.

Бар ман, ки дилам чу шамъ яктост,
Пироҳани ғам чу шамъ даҳтӯст.

Чашмаш ба карашма гуфт бо ман:
Дар наргиси масти ман чӣ оҳуст?

Гуфтам: Ҳама некуист, лекин
Ин аст, ки бевафову бадхӯст.

Бишнав нафасе дуои Саъдӣ,
Гарчи ҳама оламат дуогӯст.


1 Нигаҳбони дари биҳишт.
2 Биҳишт.
3 Димоғи ҷон.


?>