То хай абар гули рухи ту карда шабнамӣ

То хай абар гули рухи ту карда шабнамӣ,
Шабнам шуда-ст сӯхта чун ашки мотамӣ.

………………………………………………………………….
К-андар ҷаҳон ба кас магарав, ҷуз ба фотимӣ!

Кай мор тарсгин шаваду гурба меҳрбон,
Гар муш моту мут кунад гоҳи дарҳамӣ?!

Садри ҷаҳон, ҷаҳон ҳама торикшаб шуда-ст,
Аз баҳри мо сапедаи содиқ ҳамедамӣ!