То ҳоли манат хабар набошад

199

То ҳоли манат хабар набошад,
Дар кори манат назар набошад.

То қуввати сабр буд, кардем,
Дигар чӣ кунем, агар набошад.

Оини вафову меҳрбонӣ
Дар шаҳри шумо магар набошад?

Гӯянд, назар чаро набастӣ,
То машғалаву хатар набошад?

Эй хоҷа, бирав, ки ҷаҳли инсон
Бо тири қазо сипар набошад.

Ин шӯр, ки дар сар аст моро,
Вақте биравад, ки сар набошад.

Бечора куҷо равад гирифтор,
К-аз кӯи ту раҳ ба дар набошад?

Чун рӯи ту дилфиребу дилбанд
Дар рӯи замин дигар набошад.

Дар Порс чунин намак надидам,
Дар Миср чунин шакар набошад.

Гар ҳукм кунӣ ба ҷони Саъдӣ,
Ҷон аз ту азизтар набошад.


?>