Туро нодидани мо ғам набошад

203

Туро нодидани мо ғам набошад,
Ки дар хайлат1 беҳ аз мо кам набошад.

Ман аз дасти ту дар олам ниҳам рӯй,
Валекин чун ту дар олам набошад.

Аҷаб, гар дар чаман бар пой хезӣ,
Ки сарви рост пешат хам набошад.

Мабодо дар ҷаҳон дилтанг рӯе,
Ки рӯят бинаду хуррам набошад.

Ман аввалрӯз донистам, ки ин аҳд,
Ки бо ман мекунӣ, муҳкам набошад,

Ки донистам, ки ҳаргиз созгорӣ
Париро бо банӣ Одам набошад.

Макун, ёро, дилам маҷрӯҳ магзор,
Ки ҳеч андар ҷаҳон марҳам набошад.

Биё, то ҷони ширин дар ту резам,
Ки бухлу дӯстӣ бо ҳам набошад.

Нахоҳам бе ту як дам зиндагонӣ,
Ки тиби айш бе ҳамдам набошад.

Назар, гӯянд, Саъдӣ, бо кӣ дорӣ,
Ки ғам бо ёр гуфтан ғам набошад.

Ҳадиси дӯст бо душман нагӯянд,
Ки ҳаргиз муддаъӣ маҳрам набошад.


1 Гурӯҳ, ҳаводорон.


?>