Туро самоъ набошад, ки сӯзи ишқ набуд

255

Туро самоъ набошад, ки сӯзи ишқ набуд,
Гумон мабар, ки барояд зи хом ҳаргиз дуд.

Чу ҳар чӣ мерасад, аз дасти ӯст, фарқе нест
Миёни шарбати нӯшину теғи заҳролуд.

Насими боди сабо бӯи ёри ман дорад,
Чу бод хоҳам аз ин пас ба бӯи ӯ паймуд.

Ҳамегузашту назар кардамаш ба гӯшаи чашм,
Ки як назар бирабоям, маро зи ман бирабуд.

Ба сабр хостам аҳволи ишқ пӯшидан,
Дигар ба гил натавонистам офтоб андуд.

Савори ақл кӣ бошад, ки пушт нанмояд,
Дар он мақом, ки султони ишқ рӯй намуд?

Паёми мо кӣ расонад ба хидматаш, ки ризо
Ризои туст, гарам хаста дорӣ, ар хушнуд.

Шабе нарафт, ки Саъдӣ ба доғи ишқ нагуфт:
Дигар шаб омаду кай бе ту рӯз хоҳад буд?