Фиғони ман ҳама з-он зулфи тобдори сиёҳ

Фиғони ман ҳама з-он зулфи тобдори сиёҳ,
Ки гоҳ пардаи лолост, гоҳ миъҷари моҳ.

Ба вақти хуфтанаш аз мушки суда бошад ҷой,
Ба гоҳи рафтанаш аз сими сода бошад роҳ.

Ҳазор тавбаи садсоларо ба бод диҳад,
Ҳазор зоҳиди садсоларо барад аз роҳ.

Агар саъодат ҷӯйӣ, ба ҷуз ризош маҷӯй
В-агар саломат хоҳӣ, ба ҷуз ҳавош махоҳ!

Агар ба кӯҳ расад боди хашми ӯ як бор
В-агар ба коҳ расад боди меҳри ӯ ногоҳ,

Ба соат-андар монанди коҳ гардад кӯҳ,
Ба лаҳза-андар монанди кӯҳ гардад коҳ.