Хезу дар косаи зар оби тарабнок андоз

264

Хезу дар косаи зар оби тарабнок андоз
Пештар з-он ки шавад косаи сар хок, андоз.*

Оқибат манзили мо водии хомӯшон аст,
Ҳолиё ғулғула дар гунбади афлок андоз!

Чашми олуданазар аз рухи ҷонон дур аст,
Бар рухи ӯ назар аз оинаи пок андоз!

Бар сари сабзи ту, эй сарв, ки чун хок шавам,
Ноз аз сар биниҳу соя бар ин хок андоз!

Дили моро, ки зи мори сари зулфи ту бихаст,
Аз лаби худ ба шифохонаи тарёк андоз!

Мулки ин мазраа донӣ, ки суботе накунад,
Оташе аз ҷигари ҷом дар афлок андоз!

Ғусл дар ашк задам, к-аҳли тариқат гӯянд,
Пок шав аввалу пас дида бар он пок андоз!

Ё Раб, он зоҳиди худбин, ки ба ҷуз айб надид,
Дуди оҳеш дар оинаи идрок андоз!

Чун гул аз накҳати ӯ ҷома қабо кун, Ҳофиз
В-ин қабо дар раҳи он қомати чолок андоз!


* Ибораи «хок андоз»-ро се гуна метавон маънӣ кард: 1. хок андоз, ки дар ин ҷо феъли амр аст, яъне, бархез, пеш аз он ки косаи сар ба хок табдил шавад, шароби шодибахш бирезу бинӯш. 2. Хокандоз – ба хок афтода, ба хок андохташуда. 3. хокандоз – ашёе, ки бо он хокро ҷамъ мекунанд, ки имрӯз мо вожаи русии «совок»-ро ба кор мебарем.