Чунон дар қайди меҳрат пойбандам

375

Чунон дар қайди меҳрат пойбандам,
Ки гӯӣ оҳуи сардаркамандам.

Гаҳе бар дарди бедармон бигирям,
Гаҳе бар ҳоли бесомон бихандам.

Маро ҳуше намонд аз ишқу гӯше,
Ки панди ҳушмандон кор бандам.

Маҷоли сабр танг омад ба якбор,
Ҳадиси ишқ бар саҳро фикандам.

На маҷнунам, ки дил бардорам аз дӯст,
Мадеҳ, гар оқилӣ, эй хоҷа, пандам!

Чунин сурат набандад ҳеч наққош,
Маозаллаҳ1, ман ин сурат набандам.

Чӣ ҷонҳо дар ғамат фарсуду танҳо,
На танҳо ман асиру мустамандам.

Ту ҳам боз омадӣ ночору ноком,
Агар боз омадӣ бахти баландам.

Гар овозам диҳӣ, ман хуфта дар гӯр,
Баросояд равони дардмандам.

Саре дорам, фидои хоки поят,
Гар осоиш расонӣ, в-ар газандам.

В-агар дар ранҷи Саъдӣ роҳати туст,
Ман ин бедод бар худ меписандам.


1 Паноҳ бар Худо.


?>