Чун баромад моҳрӯй аз матлаъи пироҳанаш

327

Чун баромад моҳрӯй аз матлаъи пироҳанаш,
Чашми бадро, гуфтам, алҳамде бидам пироманаш.

То чӣ хоҳад кард бо ман даври гетӣ з-ин ду кор:
Дасти ӯ бар гарданам, ё хуни ман дар гарданаш.

Ҳар кӣ маълумаш намегардад, ки зоҳидро кӣ кушт,
Гӯ: Сарангуштони шоҳид бину ранги нохунаш.

Гар чаман гӯяд: Маро ҳамранги рӯяш лолаест,
Аз қафо бояд бурун кардан забони савсанаш.

Моҳу Парвинаш наёрам гуфту сарву офтоб,
Лутфи ҷон дар ҷисм дорад ҷисм дар пироҳанаш.

Остин аз чанги мискинон, гирифтам, даркашад,
Чун тавонад рафт чандин дасти дил дар доманаш?

Ман сабили1 душманон кардам насиби ирзи2 хеш,
Душман он кас дар ҷаҳон дорам, ки дорад душманаш.

Гар танам мӯе шавад аз дасти ҷаври рӯзгор,
Бар ман осонтар бувад, к-осеби мӯе бар танаш.

То чӣ рӯй аст, он ки ҳайрон мондаам дар васфи ӯ,
Субҳе аз машриқ ҳаметобад яке аз равзанаш.

Баъд аз ин, эй ёр, агар тафсили ҳушёрон кунанд,
Гар дар он ҷо номи ман бинӣ, қалам бар сар занаш!

Лоиқи Саъдӣ набуд ин хирқаи тақвову зуҳд,
Соқиё, ҷоме бидеҳ в-ин ҷома аз сар барканаш!


1 Вақф, назр.
2 Обрӯ.


?>