Чӣ рӯй аст он, ки пеши корвон аст?

81

Чӣ рӯй аст он, ки пеши корвон аст?
Магар шамъе ба дасти сорвон аст?

Сулаймон аст гӯӣ дар аморӣ1,
Ки бар боди сабо тахташ равон аст.

Ҷамоли моҳпайкар бар баландӣ
Бад-он монад, ки моҳи осмон аст.

Биҳиштисурате дар ҷавфи маҳмил,
Чу барҷе, к-офтобаш дар миён аст.

Худовандони ақл ин турфа бинанд,
Ки хуршеде ба зери соябон аст.

Чу нилуфар дар обу меҳр дар меғ2
Парирух дар ниқоби парниён аст.

Зи рӯи кори ман бурқаъ барандохт
Ба якбор, он ки дар бурқаъ ниҳон аст.

Шутур пешӣ гирифт аз ман ба рафтор3,
Ки бар ман беш аз ӯ бори гарон аст.

Зиҳӣ андаквафои сустпаймон,
Ки он сангиндили номеҳрбон аст.

Туро гар дӯстӣ бо мо ҳамин буд,
Вафои мову аҳди мо ҳамон аст.

Бидор, эй сорбон, охир, замоне,
Ки аҳди васлро охирзамон аст.

Вафо кардем, бо мо ғадр карданд,
Бирав, Саъдӣ, ки ин подоши кор аст.

Надонистӣ, ки дар поёни пирӣ
На вақти панҷа кардан бо ҷавон аст.


1 Каҷова, маҳмил.
2 Абр.
3 Ҳаракат.


?>