Шароб аз дасти хубон Салсабил аст

74

Шароб аз дасти хубон Салсабил1 аст,
В-агар худ хуни майхорон, сабил аст.

Намедонам, рутабро чошнӣ чист,
Ҳамебинам, ки хурмо бар нахил аст.

На вусма-ст он, ба дилбандӣ хазиб аст,
На сурма-ст он, ба ҷодуӣ каҳил2 аст.

Сарангуштони соҳибдилфиребаш
На дар ҳинно, ки дар хуни қатил аст.

Ало, эй корвон, маҳмил биронед,
Ки моро банд бар пои раҳил3 аст.

Ҳар он шаб дар фироқи рӯи Лайлӣ,
Ки бар Манун равад, лайле тавил4 аст.

Камандаш медавонад пои муштоқ,
Биёбонро напурсад, чанд мил аст.

Чу мӯр афтону хезон рафт бояд,
В-агар худ раҳ ба зери пои пил аст.

Ҳабиб он ҷо ки дасте барфишонад,
Муҳибб ар сар наяфшонад, бахил аст.

Зи мо гар тоъат ояд, шармсорем,
В-аз эшон гар қабеҳ ояд, ҷамил аст.

Бадили5 дӯстон гиранду ёрон,
Валекин шоҳиди мо бебадил аст.

Сухан берун магӯй аз ишқ, Саъдӣ,
Сухан ишқ асту дигар қолу қил6 аст.


1 Номи чашмае дар биҳишт.
2 Чашми сурмакашида.
3 Кӯч, бонги ҳаракати корвон.
4 Шаби дароз.
5 Бадал, ҳар чӣ ба ҷои дигаре қарор гирад.
6 Гуфтугӯ.


?>