Шояд ин талъати маймун, ки ба фолаш доранд

230

Шояд ин талъати маймун, ки ба фолаш доранд,
Дар дил андешаву дар дида хаёлаш доранд,

Ки дар офоқ чунин рӯй дигар натвон дид,
Ё магар оина дар пеши ҷамолаш доранд.

Аҷаб, аз доми ғамаш гар биҷаҳад мурғи диле,
Ин ҳама майл, ки бо донаи холаш доранд.

Нозанине, ки сар андар қадамаш бояд бохт,
На ҳарифе, ки таваққуъ ба висолаш доранд.

Ғолиб1 он аст, ки мурғе чу ба доме афтод,
То ба ҷое наравад, бепаруболаш доранд.

Ишқи Лайлӣ на ба андозаи ҳар Маҷнунест,
Магар онон, ки сари нозу далолаш2 доранд.

Дӯстӣ бо ту ҳаром аст, ки чашмони кашат3
Хуни ушшоқ бирезанду ҳалолаш доранд.

Хуррамо даври висолею хушо дарди диле,
Ки ба маъшуқ тавон гуфту маҷолаш доранд!

Ҳоли Саъдӣ ту надонӣ, ки туро дарде нест,
Дардмандон хабар аз сурати ҳолаш доранд.


1 Бештари авқот.
2 Карашма, ноз.
3 Хубу зебо.


?>