Ту он наӣ, ки дил аз суҳбати ту баргиранд

231

Ту он наӣ, ки дил аз суҳбати ту баргиранд,
В-агар малул шавӣ, соҳибе дигар гиранд.

В-агар ба хашм биронӣ, тариқи рафтан нест,
Куҷо раванд, ки ёр аз ту хубтар гиранд?

Ба теғ агар бизанӣ бедареғу баргардӣ,
Чу рӯй боз кунӣ, дӯстӣ зи сар гиранд.

Ҳалоки нафс ба наздики толибони мурод,
Агарчи кори бузург аст, мухтасар гиранд.

Раво бувад ҳама хубони офаринишро,
Ки пеши соҳиби мо даст бар камар гиранд.

Қамар муқобила бо рӯи ӯ наёрад кард,
В-агар кунад, ҳама кас айб бар қамар гиранд.

Ба чанд сол нашояд гирифт мулкеро,
Ки хусравони малоҳат1 ба як назар гиранд.

Хаданги ғамзаи хубон хато намеафтад,
Агарчи тоифае зуҳдро сипар гиранд.

Кам аз мутолиае2 бустони султонро,
Чу боғбон нагузорад, к-аз ӯ самар гиранд.

Висоли Каъба муяссар намешавад, Саъдӣ,
Магар ки роҳи биёбони пурхатар гиранд.


1 Хубрӯён.
2 Лоақал як нигоҳ, дастикам як нигоҳ.