Эй ки аз сарви равон қадди ту чолоктар аст

70

Эй ки аз сарви равон қадди ту чолоктар аст,
Дил ба рӯи ту зи рӯи ту тарабноктар аст.

Дигар аз ҳарбаи ҳунхори аҷал нандешам,
Ки на аз ғамзаи хунрези ту нобоктар аст.

Чуст1 будаст маро кисвати2 маънӣ ҳама вақт,
Боз бар қомати зебои ту чолоктар аст.

Назари поки маро душман агар таъна занад,
Домани дӯст, биҳамдиллаҳ, аз он поктар аст.

То гули рӯи ту дар боғи латофат бишукуфт,
Пардаи сабри ман аз домани гул чоктар аст.

Пой бар дидаи Саъдӣ неҳ, агар бихромӣ,
Ки ба сад манзилат аз хоки дарат хоктар аст.

1 Чолок.
2 Ҷома, либос.


?>