Эй сабр, пой дор, ки паймон шикаст ёр

299

Эй сабр, пой дор, ки паймон шикаст ёр,
Корам зи даст рафту наёмад ба даст ёр.

Бархост оҳам аз дилу дар хун нишаст чашм,
Ё Раб, зи ман чӣ хост, ки бе ман нишаст ёр?

Дар ишқи ёр нест маро сабру симу зар,
Лек оби чашму оташи дил ҳар ду ҳаст ёр.

Чун қоматам камонсифат аз ғам хамида дид,
Чун тир ногаҳон зи канорам биҷаст ёр.

Саъдӣ, ба бандагиш камар бастаӣ, валек
Миннат манеҳ, ки тарфе аз ин барнабаст ёр.

Акнун ки бевафоии ёрат дуруст шуд,
Дар дил шикан умед, ки паймон шикаст ёр.