Эй сарвболои саҳӣ, мо низ ҳам бад нестем

435

Эй сарвболои саҳӣ, мо низ ҳам бад нестем,
В-аз ҳар кӣ дар олам, беҳӣ, мо низ ҳам бад нестем.

Гуфтӣ, ба ранги ман гуле ҳаргиз набинад булбуле,
Оре, накӯ гуфтӣ, вале мо низ ҳам бад нестем.

То чанд гӯӣ мову бас, кӯтаҳ кун, эй раънову бас,
На худ туӣ зебову бас, мо низ ҳам бад нестем.

Эй шоҳиди ҳар маҷлисе, в-ороми ҷони ҳар касе,
Гар дӯстон дорӣ басе, мо низ ҳам бад нестем.

Гуфтӣ, ки чун ман дар замӣ1 дигар набошад одамӣ,
Эй ҷону лутфу мардумӣ, мо низ ҳам бад нестем.

Гар гулшани хушбӯ туӣ, в-ар булбули хушгӯ туӣ,
В-ар дар ҷаҳон некӯ туӣ, мо низ ҳам бад нестем.

Гӯӣ, чӣ шуд, он сарвбун бо мо намегӯяд сухун,
Гӯ, бевафоӣ пур макун, мо низ ҳам бад нестем.

Гар ту ба ҳусн афсонаӣ ё гавҳари якдонаӣ,
Аз мо чаро бегонаӣ? Мо низ ҳам бад нестем.

Эй дил, дили мо доғи ту, то кай фиребу лоғи2 ту?
Гар биҳ бувад дар боғи ту, мо низ ҳам бад нестем.

Боре ғурур аз сар бинеҳ, в-инсофи дарди ман бидеҳ,
Эй боғи шафтолуву биҳ, мо низ ҳам бад нестем.

Гуфтам, ту моро дидаӣ, в-аз ҳоли мо пурсидаӣ,
Пас, чун зи мо ранҷидаӣ? Мо низ ҳам бад нестем.

Гуфтӣ, беҳ аз ман дар Чигил3 сурат набандад обу гил,
Эй сустмеҳри сахтдил, мо низ ҳам бад нестем.

Саъдӣ, гар он зебоқарин бигзид бар мо ҳамнишин,
Гӯ, ҳар кӣ хоҳӣ, баргузин, мо низ ҳам бад нестем.


1 Мухаффафи «замин».
2 Шӯхӣ, ҳила.
3 Ноҳияе дар Туркистон, ки мардуми он ба зеборӯӣ машҳур будаанд.