Эй ҷони хирадмандон гӯи хами чавгонат

146

Эй ҷони хирадмандон гӯи хами чавгонат,
Берун наравад гӯе, к-афтод ба майдонат.

Рӯзи ҳама сар бар кард аз кӯҳу шаби моро
Сар бар накунад хуршед, илло зи гиребонат.

Ҷон дар тани муштоқон аз завқ ба рақс ояд,
Чун бод биҷунбонад шохе зи гулистонат.

Девори сароятро наққош намебояд,
Ту зинати айвонӣ, на сурати айвонат.

Ҳарчанд намесӯзад бар ман дили сангинат,
Гӯӣ, дили ман сангест дар чоҳи занахдонат.

Ҷон бохтан осон аст андар назарат, лекин
Ин лоша намебинам шоистаи қурбонат.

Бо доғи ту ранҷурӣ беҳ, к-аз назарат дурӣ,
Пеши қадамат мурдан хуштар, ки ба ҳиҷронат.

Эй бодияи ҳиҷрон, то ишқи Ҳарам бошад,
Ушшоқ наяндешанд, аз хори муғелонат.

Дигар натавонистам аз фитна ҳазар кардан,
З-он гаҳ ки дарафтодам бо қомати фаттонат.

Шояд, ки дар ин дунё маргаш набувад ҳаргиз,
Саъдӣ, ки чу ҷон дорад, бал дӯсттар аз ҷонат.

Бисёр чу Зулқарнайн1 офоқ бигардидаст,
Ин ташна, ки мемирад бар чашмаи ҳайвонат.


1 Лақаби Искадар, ки ба дунболи чашмаи ҳайвон буд.


?>