Офарини Худой бар ҷонат

145

Офарини Худой бар ҷонат,
Ки чӣ ширин лаб асту дандонат.

Ҳар киро гум шудаст Юсуфи дил,
Гӯ, бибин дар чаҳи занахдонат.

Фитна дар Порс барнамехезад,
Магар аз чашмҳои фаттонат.

Сарв агар низ омадию шудӣ,
Нарасидӣ ба гарди ҷавлонат.

Шаби ту рӯзи дигарон бошад,
К-офтоб аст дар шабистонат.

То кай, эй бӯстони рӯҳонӣ,
Гила аз дасти бӯстонбонат?

Булбулонем, як нафас бигзор,
То бинолем дар гулистонат.

Гар ҳазорам ҷафову ҷавр кунӣ,
Дӯст дорам ҳазорчандонат.

Озмудем зӯри бозуи сабр,
В-обгина-ст пеши сандонат.

Ту вафо гар кунию гар накунӣ,
Мо ба охир барем паймонат.

Мужда аз ман ситон ба шодии васл,
Гар бимирам ба дарди ҳиҷронат.

Саъдиё, зинда орифе бошӣ,
Гар барояд дар ин талаб ҷонат.