Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон, ғам махур

255

Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон, ғам махур,
Кулбаи аҳзон шавад рӯзе гулистон, ғам махур!

Ин дили ғамдида ҳолаш беҳ шавад, дил бад макун,
В-ин сари шӯрида боз ояд ба сомон, ғам махур!

Гар баҳори умр бошад, боз дар тарфи чаман
Чатри гул дар сар кашӣ, эй мурғи хушхон, ғам махур!

Даври гардун гар ду рӯзе бар муроди мо нарафт,
Доиман яксон намонад ҳоли даврон, ғам махур!

Ҳон, машав навмед,чун воқиф найӣ аз сирри ғайб,
Бошад андар парда бозиҳои пинҳон, ғам махур!

Эй дил, ар сели фано бунёди ҳастӣ барканад,
Чун туро Нӯҳ аст киштибон, зи тӯфон ғам махур!

Дар биёбон гар ба шавқи Каъба хоҳӣ зад қадам,
Сарзанишҳо гар кунад хори муғелон, ғам махур!

Гарчи манзил бас хатарнок асту мақсад бас баъид,
Ҳеч роҳе нест, к-онро нест поён, ғам махур!

Ҳоли мо дар фурқати ҷонону иброми рақиб
Ҷумла медонад Худои ҳолгардон, ғам махур!

Ҳофизо, дар кунҷи фақру хилвати шабҳои тор,
То бувад вирдат дуову дарс Қуръон, ғам махур!