Дигар зи шохи сарви саҳӣ булбули сабур

254

Дигар зи шохи сарви саҳӣ булбули сабур
Гулбонг зад, ки чашми бад аз рӯйи гул ба дур.

Эй гул, ба шукри он ки туӣ подшоҳи ҳусн,
Бо булбулони бедили шайдо макун ғурур.

Аз дасти ғайбати ту шикоят намекунам,
То нест ғайбате, набувад лаззати ҳузур.

Гар дигарон ба айшу тараб хурраманду шод,
Моро ғами нигор бувад мояи сурур.

Зоҳид агар ба ҳуру қусур аст умедвор,
Моро шаробхона қусур асту ёр ҳур.

Май хур ба бонги чангу махур ғусса, в-ар касе
Гӯяд туро, ки бода махур, гӯ, ҳувалғафур.*

Ҳофиз, шикоят аз ғами ҳиҷрон чӣ мекунӣ,
Дар ҳаҷр васл бошаду дар зулмат аст нур.


* Яъне, Ӯ бахшоянда аст, ин таъбир дар бораи Парвардгор дар Қуръон хеле зиёд омадаасту ишора ба ояи хосе нест.