Ёре ба даст кун, ки ба уммеди роҳаташ

320

Ёре ба даст кун, ки ба уммеди роҳаташ
Воҷиб кунад, ки сабр кунӣ бар ҷароҳаташ.

Моро кӣ раҳ диҳад ба саропардаи висол?
Эй боди субҳдам, хабаре деҳ зи соҳаташ.

Борони чун ситораам аз дидагон бирехт,
Рӯе, ки субҳ хира шавад дар сабоҳаташ.

Ҳар гаҳ ки гӯям, ин дили решам дуруст шуд,
Бар вай парканад намаке аз малоҳаташ.

Ҳар-ч он қабеҳтар бикунад ёри дӯстрӯй,
Донад, ки чашми дӯст набинад қабоҳаташ.

Бечорае, ки сурати рӯят хаёл баст,
Бе диданат хаёл мабанд истироҳаташ.

Бо чашми нимхоби ту хашм оядам ҳаме
Аз чашмҳои наргису чандон вақоҳаташ.

Рафтори шоҳиду лаби хандону рӯи хуб
Чун одамӣ тамаъ накунад дар самоҳаташ1?

Саъдӣ, ки доди васфи ҳама некувон бидод,
Оҷиз бимонд дар ту забони фасоҳаташ.


1 Ҷавонмардӣ, бахшиш.