Ё Раб, инсофе бидеҳ он шайхи даъводорро

Ё Раб, инсофе бидеҳ он шайхи даъводорро,
То ба хорӣ нангарад риндони дурдихорро.

Шаръро озори аҳли дил тасаввур кардааст,
З-он гирифта пешаи худ шеваи озорро.

Табъ бар ганҷи ҳақиқат қуфлу шаръ омад калид,
То диҳад з-он ганҷ берун гавҳари асрорро.

Ҳар кӣ ҷунбонад калиди шаръро дар вафқи табъ,
Табъ накшояд ба рӯяш ҷуз дари идборро.

Мункири аҳли тариқатро зи ирфон баҳра нест,
Нест ҷуз ҷаҳли ҷибиллӣ мӯҷиби инкорро.

Сирри ваҳдат «Мантиқ-ут-тайр» аст, Ҷомӣ, лаб бибанд,
Ҷуз Сулаймоне нашояд фаҳми ин гуфторро.

Бӯйи ишқ аз гуфтаи Аттор оламро гирифт,
Хоҷа мазкум аст, аз он мункир бувад Атторро.