Ё Раб, ин навгули хандон ки супурдӣ ба манаш

281

Ё Раб, ин навгули хандон ки супурдӣ ба манаш,
Месупорам ба ту аз чашми ҳасуди чаманаш.

Гарчи аз кӯйи вафо гашт ба сад марҳала дур,
Дур бод офати даври фалак аз ҷону танаш!

Гар ба сарманзили Салмо расӣ, эй боди сабо,
Чашм дорам, ки саломе бирасонӣ зи манаш.

Ба адаб нофакушойӣ кун аз он зулфи сиёҳ,
Ҷойи дилҳои азиз аст, ба ҳам бармазанаш.

Гӯ, дилам ҳаққи вафо бо хату холат дорад,
Муҳтарам дор дар он турраи анбаршиканаш.

Дар мақоме, ки ба ёди лаби ӯ май нӯшанд,
Сифла он маст, ки бошад хабар аз хештанаш.

Ирзи мол аз дари майхона нашояд андӯхт,
Ҳар кӣ ин об хурад, рахт ба дарё фиканаш.

Ҳар кӣ тарсад зи малол, андуҳи ишқаш на ҳалол,
Сари мову қадамаш ё лаби мову даҳанаш.

Шеъри Ҳофиз ҳама байтулғазали маърифат аст,
Офарин бар нафаси дилкашу лутфи суханаш!