Ғуломи он сабукрӯҳам, ки бо ман сар гарон дорад

170

Ғуломи он сабукрӯҳам, ки бо ман сар гарон дорад,
Ҷавобаш талху пиндорӣ шакар зери забон дорад.

Маро гар дӯстӣ бо ӯ ба дӯзах мебарад, шояд,
Ба нақд андар биҳишт аст, он ки ёре меҳрбон дорад.

Касеро к-ихтиёре ҳасту маҳбубею машрубе,
Мурод аз бахту ҳаз аз умру мақсуд аз ҷаҳон дорад.

Бурун аз хурдану хуфтан ҳаёте ҳаст мардумро,
Ба ҷонон зиндагонӣ кун, баҳоим1 низ ҷон дорад.

Муҳаббат бо касе дорам, к-аз ӯ бо худ намеоям,
Чу булбул, к-аз нишоти гул фароғ аз ошён дорам.

На мардӣ, гар ба шамшер аз ҷафои дӯст баргардӣ,
Дуҳулро к-андарун бод аст, з-ангуште фиғон дорад.

Ба ташвиши қиёмат-дар, ки ёр аз ёр бигрезад,
Муҳиб аз хоб бархезад, муҳаббат ҳамчунон дорад.

Хуш омад боди наврӯзӣ ба субҳ аз боғи пирӯзӣ,
Ба бӯи дӯстон монад, на бӯи бӯстон дорад.

Яке сар бар канори ёру хоби субҳ муставлӣ,2
Чӣ гам дорад зи мискине, ки сар дар остин дорад?

Чу Саъдӣ ишқ танҳо бозу роҳат бину осоиш,
Ба танҳо мулк меронад, ки манзуре ниҳон дорад.


1 Чаҳорпоён.
2 Чира, ғолиб.


?>