Ҳама ба тунбалу банд аст бозгаштани ӯ

Ҳама ба тунбалу банд аст бозгаштани ӯ,
Шаранги нӯшомеғ асту рӯйи заррандуд.

Бунафшаҳои тарӣ хайл-хайл сар баркард,
Чу оташе, ки ба гӯгирд бардавид кабуд.

Биёву ҳон, бидеҳ он офтоб, к-аш бихурӣ,
Зи лаб фурӯ шаваду аз рухон барояд зуд.