Ҳар дам аз умр меравад нафасе

Ҳар дам аз умр меравад нафасе,
Чун нигаҳ мекунам, намонд басе.

Эй, ки панҷоҳ рафту дар хобӣ,
Магар ин панҷ рӯз дарёбӣ.

Хиҷил он кас, ки рафту кор насохт,
Кӯси реҳлат заданду бор насохт.

Хоби нӯшини бомдоди раҳил,
Боздорад пиёдаро зи сабил.

Ҳар кӣ омад, иморате нав сохт,
Рафту манзил ба дигаре пардохт.

В-он дигар пухт ҳамчунин ҳавасе,
В-ин иморат ба сар набурд касе.

Ёри нопойдор дӯст мадор,
Дӯстиро нашояд ин ғаддор.

Неку бад чун ҳаме бибояд мурд,
Хунук он кас, ки гӯи некӣ бурд.

Барги айше6 ба гӯри хеш фирист,
Кас наёрад зи пас, ту пеш фирист.

Умр барф асту офтоби тамӯз,
Андаке монду хоҷа ғарра ҳанӯз.

Эй тиҳидаст рафта дар бозор,
Тарсамат пур наёварӣ дастор.

Ҳар кӣ мазрӯи худ бихӯрд ба хид,
Вақти хирман-ш хӯша бояд чид.

Умри инсон бо суръати баланд мегузарад ва бо рафтани ҳар нафас лаҳзае аз умр кам мешавад, вале инсон аз суръати гузаштани он бехабар мемонад ва дар охир мебинад, ки чизе аз умраш боқӣ намондааст.

Эй инсоне, ки панҷоҳ соли умрат беҳуда гузаштаасту ту ҳанӯз дар хоби ғафлат мондаӣ, шояд акнун ба худ биёиву қадри ин панҷ рӯзи боқимондаро бидонӣ, яъне ин фурсати ками боқимондаро ғанимат шуморию дар ин муддат кори неке анҷом бидиҳӣ.

Вой бар ҳоли касе, ки аз ин ҷаҳон бирафту амали хайре анҷом надод, бонги сафари охирати ӯ навохта шуд, яъне хабари маргаш фаро расид, вале ӯ ҳанӯз барои рафтан тайёр набуд ва ҳеҷ тӯшаи хайре (аз корҳои нек) барои худ омода накарда буд. Хоби ширину гуворои субҳгоҳи рӯзи сафар марди пиёдаро аз роҳ боз медорад ва дар натиҷа, корвон мераваду ӯ аз сафараш мемонад, яъне ғафлату бехабарии инсон дар зиндагӣ сабаб мешавад, ки ӯ барои сафари охират ба гунаи шоиста омода намешавад.

(Хосияти ин ҷаҳон чунин аст, ки) ҳар касе ба он меояд, (ба дунё дил мебандад ва фикр мекунад, ки дар он абадӣ мемонад ва охиратро фаромӯш карда,) дар пайи сохтани иморат ва омода кардани шароити зиндагии абадӣ барои худ мешавад, вале (чун марг фаро мерасад,) ӯ ночор аз ин ҷаҳон мераваду хонаву дороиҳои худро ба дигаре мегузорад, зеро чизеро бо худ бурда наметавонад.

Ва сипас шахси дигаре ба дунё меояду ба он дил мебандад ва мисли он шахси гузашта бо хаёли зиндагии ҷовидонӣ орзуву хаёлҳои зиёдеро дар сар мепарварад, аммо ӯ низ мемираду ночор аз ин дунё меравад ва кораш нотамом мемонад. Хулоса, ин дунё ба касе вафо намекунад ва кори он тамомӣ надорад ва касе онро бо худ намебарад.

Пас, ту, эй инсон, ҳаргиз ба як дӯсти бевафою аҳдшикан дил мабанд, яъне ин дунёи гузарандаро дӯст мадор, зеро ин фиребгари нопойдор ба дӯстӣ намеарзад. Чун дар ниҳоят, ҳам одамони нек ва ҳам одамони бад мемиранд ва аз ин дунё мераванд, пас хушбахт касест, ки дар ин дунё некӣ кардааст ва бо худ номи нек ва тӯшаи некӣ мебарад.

Ҳоло, ки зиндаӣ ва имкон дорӣ, худат ба воситаи амалҳои некат барои охиратат пешопеш тӯшаи зарӯрӣ равон бикун, зеро пас аз мурданат касе барои ту аз пасат тӯша намефиристад. Умри инсон (ба суръати баланд мегузарад ва) монанди барфе, ки дар зери офтоби сӯзони тобистон зуд об мешавад, сипарӣ мегардад. Вале бо вуҷуди он, ки аз умр андаке боқӣ мондааст, инсон ҳанӯз дил аз дунё намеканад ва дар банди ғафлату ғурур монда, ба қадри рӯзҳои боқимондаи умр намерасад.

Эй инсоне, ки дастхолӣ ва бе пулу бе сармоя ба бозор омадаӣ, метарсам, ки аз он бо дастор ё бо халтаи холӣ бармегардӣ, яъне ту, ки бе тайёрӣ бо кулворе холӣ аз тоату ибодат ба бозори қиёмат равонаӣ, тарсам, ки он ҷо аз бетӯшагӣ шармсор гардӣ. (Ва маълум аст, ки) ҳар касе ғаллаи киштзори худро дар вақти хомиаш бихӯрад, ҳангоме, ки дигарон хирману ҳосил мегиранд, ӯ чизе дар даст нахоҳад дошт ва ночор аз киштзори дигарон хӯшаҳои боқимондаро мечинад.