Ҳар касеро натавон гуфт, ки соҳибназар аст

66

Ҳар касеро натавон гуфт, ки соҳибназар аст,
Ишқбозӣ дигару нафспарастӣ дигар аст.

Ба ҳар он чашм ки бинанд, сиёҳ асту сапед,
Ё сапедӣ зи сиёҳӣ бишиносад, басар аст.

Ҳар кӣ дар оташи ишқаш набувад тоқати сӯз,
Гӯ, ба наздик марав, к-офати парвона пар аст.

Гар ман аз дӯст бинолам, нафасам содиқ нест,
Хабар аз дӯст надорад, ки зи худ бохабар аст.

Одамисурат агар дафъ кунад шаҳвати нафс,
Одамихӯй шавад, в-арна, ҳамон ҷонвар аст.

Шарбат аз дасти дилором, чи ширину чи талх,
Бидеҳ, эй дӯст, ки мустасқӣ аз он ташнатар аст.

Ман худ аз ишқи лабат фаҳми сухан менакунам,
Ҳар чӣ з-он талхтарам гар ту бигӯӣ, шакар аст.

В-ар ба теғам бизанӣ, бо ту маро хасмӣ нест,
Хасми онам, ки миёни ману теғат сипар аст.

Ман аз ин банд нахоҳам бадар омад ҳама умр,
Банди пое ки ба дасти ту бувад, тоҷи сар аст.

Дасти Саъдӣ ба афо нагсилад аз домани ту,
Тарки луълу натавон гуфт, ки дарё хатар аст.


?>