Айби ёрону дӯстон ҳунар аст

65

Айби ёрону дӯстон ҳунар аст,
Сухани душманон на муътабар аст.

Муҳри меҳр аз даруни мо наравад,
Эй бародар, ки нақш бар ҳаҷар1 аст.

Чӣ тавон гуфт дар латофати дӯст?
Ҳар чӣ гӯям, аз он латифтар аст.

Он ки манзури дидаву дили мост,
Натавон гуфт, шамс ё қамар аст.

Ҳар касе, гӯ, ба ҳоли худ бошад,
Эй бародар, ки ҳоли мо дигар аст.

Ту ки дар хоб будаӣ ҳама шаб,
Чӣ насибат зи булбули саҳар аст?

Одамиро ки ҷони маънӣ нест,
Дар ҳақиқат дарахти бесамар аст.

Мо парокандагони маҷмӯъем,
Ёри мо ғоиб асту дар назар аст.

Барги тар хушк мешавад ба замон,
Барги чашмони мо ҳамеша тар аст.

Ҷони ширин фидои суҳбати ёр,
Шарм дорам, ки нек мухтасар аст.

Ин қадар дуни қадри ӯст, валек
Ҳадди имкони мо ҳамин қадар аст.

Парда бар худ наметавон пӯшид,
Эй бародар, ки ишқ пардадар аст.

Саъдӣ аз боргоҳи қурбати дӯст,
То хабар ёфтаст, бехабар аст.

Мо сар, инак, ниҳодаем ба тавъ2,
То Худовандгорро чӣ сар аст.


1 Санг.
2 Тоат.