Ҳар киро боғчае ҳаст, ба бустон наравад

265

Ҳар киро боғчае ҳаст, ба бустон наравад,
Ҳар кӣ маҷмӯъ1 нишастаст, парешон наравад.

Он ки дар доманаш овехта бошад хоре,
Ҳаргизаш гӯшаи хотир ба гулистон наравад.

Сафари қибла дароз асту муҷовир бо дӯст,
Рӯй дар қиблаи маънӣ ба биёбон наравад.

Гар биёранд калиди ҳама дарҳои биҳишт,
Ҷони ошиқ ба тамошогаҳи ризвон наравад.

Гар сарат маст кунад бӯи ҳақиқат рӯзе,
Андарунат ба гулу лолаву райҳон наравад.

Ҳар кӣ донист, ки манзилгаҳи маъшуқ куҷост,
Муддаъӣ бошад, агар бар сари пайкон наравад.

Сифати ошиқи содиқ ба дурустӣ он аст,
Ки гараш сар биравад, аз сари паймон наравад.

Ба насиҳатгари дилшефта мебояд гуфт:
Бирав, эй хоҷа, ки ин дард ба дармон наравад.

Ба малоик набаранд аз дили мо сурати ишқ,
Нақш бар санг набишта-ст, ба тӯфон наравад.

Ишқро ақл намехост, ки бинад, лекин
Ҳеч айёр набошад, ки ба зиндон наравад.

Саъдиё, гар ҳама шаб шарҳи ғамаш хоҳӣ гуфт,
Шаб ба поён раваду шарҳ ба поён наравад.


1 Осудахотир.