Ҳар кӣ дилором дид, аз дилаш ором рафт

141

Ҳар кӣ дилором дид, аз дилаш ором рафт,
Чашм надорад халос, ҳар кӣ дар ин дом рафт.

Ёди ту мерафту мо ошиқу бедил будем,
Парда барандохтӣ, кор ба итмом рафт.

Моҳ натобад ба рӯз, чист, ки дар хона тофт?
Сарв нарӯяд ба бом, кист, ки бар бом рафт?

Машғалае барфурӯхт партави хуршеди ишқ,
Хирмани хосон бисӯхт, хонагаҳи ом рафт.

Орифи маҷмӯъро дар паси девори сабр
Тоқати сабраш набуд, нанг шуду ном рафт.

Гар ба ҳама умри хеш бо ту барорам даме,
Ҳосили умр он дам аст, боқии айём рафт.

Ҳур кӣ ҳавое напухт ё ба фироқе насӯхт,
Охири умр он ҷаҳон чун биравад, хом рафт.

Мо қадам аз сар кунем дар талаби дӯстон,
Роҳ ба ҷое набурд, ҳар кӣ ба ақдом1 рафт.

Ҳиммати Саъдӣ ба ишқ майл накардӣ, вале
Май чу фурӯ шуд ба ком, ақл ба ноком рафт.


1 Ҷамъи қадам.


?>