Ҳар кӣ номеҳрбон бувад ёраш

324

Ҳар кӣ номеҳрбон бувад ёраш,
Воҷиб аст эҳтимоли озораш.

Тоқати рафтанам намемонад,
Чун назар мекунам ба рафтораш.

В-аз сухан гуфтанаш чунон мастам,
Ки надонам ҷавоби гуфтораш.

Куштаи тири ишқ зинда кунад,
Гар ба сар бигзарад дигар бораш.

Ҳар чӣ з-он талхтар бихоҳад гуфт,
Гӯ, бигӯ аз лаби шакарбораш.

Ишқ пӯшида буду сабр намонд,
Парда бардоштам зи асрораш.

Ваҳ, ки гар ман ба хидматаш бирасам,
Худ чӣ хидмат кунам ба миқдораш?

Бими девонагист мардумро
З-омадан-рафтани паривораш.

Кош берун наёмадӣ султон,
То надидӣ гадои бозораш.

Саъдиё, рӯи дӯст нодидан
Беҳ, ки дидан миёни ағёраш.


?>