Ҳар кӣ савдои ту дорад, чӣ ғам аз ҳар кӣ ҷаҳонаш?

332

Ҳар кӣ савдои ту дорад, чӣ ғам аз ҳар кӣ ҷаҳонаш?
Нигарони ту чӣ андешаву бим аз дигаронаш?

Он паи меҳри ту гирад, ки нагирад паи хешаш,
В-он сари васли ту дорад, ки надорад ғами ҷонаш.

Ҳар кӣ аз ёр таҳаммул накунад, ёр магӯяш,
В-он ки дар ишқ маломат накашад, мард махонаш.

Чун дил аз даст бадар шуд масали курраи тавсан,
Натавон бозгирифтан ба ҳама шаҳр инонаш.

Ба ҷафоею қафое наравад ошиқи содиқ,
Мижа бар ҳам назанад, гар бизанӣ тиру синонаш.

Хуфтаи хоки лаҳадро, ки ту ногаҳ ба сар оӣ,
Аҷаб, ар боз наёяд ба тани мурда равонаш.

Шарм дорад чаман аз қомати зебои баландат,
Ки ҳама умр набудаст чунин сарви равонаш.

Гуфтам, аз вартаи ишқат ба сабурӣ бадар оям,
Боз мебинаму дарё н ападид аст каронаш.

Аҳди мо бо ту на аҳде, ки тағайюр бипазирад,
Бӯстонест, ки ҳаргиз назанад боди хазонаш.

Чӣ гунаҳ кардаму дидӣ, ки тааллуқ бибуридӣ?
Банда бе ҷурму хатое, на савоб аст, маронаш.

Нарасад нолаи Саъдӣ ба касе дар ҳама олам,
Ки на тасдиқ кунад, к-аз сари дардест фиғонаш.

Гар Фалотун ба ҳакимӣ марази ишқ бипӯшад,
Оқибат парда барафтад зи сари рози ниҳонаш.